Арҷгузорӣ ба хизматҳои кормандони БДА
3-юми июли соли 2026 бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ чорабинӣ бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин, сардори Раёсати БДА полковники милитсия Абдураҳмонзода Миралӣ, ҳайати шахсӣ ва собиқадорони соҳа баргузор гардид.
Зимни ҳамоиш муовини Вазири корҳои дохилӣ аз дастовардҳои Раёсати БДА дар солҳои Истиқлоли давлатӣ, нақши кормандони он дар таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ёдовар шуда, таъкид намуд, ки бо афзоиши шумораи воситаҳои нақлиёт масъулияти кормандони БДА боз ҳам бештар гардида, онҳо барои иҷрои вазифаҳои хизматии худ шабонарӯзӣ фаъолият мебаранд. Ҳамзамон, аз дастгирии роҳбарияти давлату Ҳукумат ва фароҳам гардидани шароити муосири хизмат барои нозирони роҳ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Дар ҷараёни ҳамоиш собиқадорони соҳа низ суханронӣ намуда, аз хизматҳои шоистаи кормандони БДА ва саҳми онҳо дар пешгирии ҳодисаҳоироҳу нақлиёт ёдовар шуданд. Дар анҷоми чорабинӣ як қатор кормандони Раёсати БДА ва собиқадорон бо медалу нишон, Сипоснома, Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.


















