Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи нақлиёти марговар

2-юми июли соли 2026 соати 6:30 дақиқа дар шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Кулоб-Хоруғ дар километри  32, дар ҳудуди деҳаи Элоки ҷамоати деҳоти Карим Исмоили шаҳри Ваҳдат, ронандаи воситаи нақлиёти боркаши тамғаи “Дулан” рақами қайди давлатиаш 5180 ММ 01, Абдуллоев Фирдавс Раҷабалиевич, сокини ноҳияи Ёвон, бинобар сабаби аз кор баромадани системаи манъкунандаи воситаи нақлиёт, ба автомашинаи тамғаи “Опел Зефира” рақами қайди давлатиаш 1813 SS 01, ки таҳти идораи шаҳрванд Кулобиев Сафаралӣ Аламович, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Восеъ, қарор дошт, бархурда, сипас ба воситаи нақлиёти тамғаи “Тойота Прадо” рақами қайди давлатиаш 1121 UU 01, таҳти идораи Палавонов Оқил Гулбекович, соли тавлалдуш 1977 сокини ноҳияи Роштқалъа бархурдааст. 
Дар натиҷа ронандаи воситаи нақлиёти боркаши тамғаи “Дулан” Абдуллоев Фирдавс, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “Тойота Прадо” Палавонов Оқил ва 9 нафар мусофирони воситаҳои нақлиёти “Опел Зефира” ва “Тойота Прадо”, ки шахсияташон муайян карда мешванд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ба ҷойи ҳодиса Вазири корҳои дохилӣ, сардори РБДА ВКД, прокурори шаҳри Ваҳдат ва дигар мутахассисони соҳаи ҳаракати нақлиёти роҳ ҳозир шуданд.
Тафтиши ин ҳодиса зери назорати қатъӣ гирифта шуда, сабаб ва ҳолатҳои рух додани садама муайян карда мешавад. 

02.07.2026 11:39
272