Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил бидуни мақсади тасарруф
Ҳакимов И.Б., соли таваллудаш 2006 сокини ноҳияи Ашт ба ШВКД дар ноҳияи мазкур бо ариза муроҷиат кард, ки 30-юми июни соли 2026, соати 14:30-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ автомашинаи шахсиаш тамғаи «ВАЗ-2107» рақами қайди давлатиаш 74 47 NN 02-ро, ки дар шаҳраки Шайдон беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдаанд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро Ашуров Ҷ.С., соли таваллудаш 1999 истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт содир намудааст.
Вобаста ба холати мазкур тафтишот ба роҳ монда шудааст.














