Варзишгарони «Динамо»-и ВКД дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Таеквондо WT ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд
Аз 27 то 30 июни соли равон дар Маҷмааи варзишии олимпии шаҳри Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Таеквондо WT миёни ҷавонон ва калонсолон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Дар ин чемпионат дастаи Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми раиси ШҶ «Динамо», полковники милитсия Шоҳиён А. Н. ва бо роҳнамоии чор нафар мураббиёни шӯро иштироки фаъолона намуда, маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд. Дар натиҷаи рақобатҳои пуршиддат варзишгарони «Динамо» ба дастоварди назаррас ноил гардида, дар маҷмӯъ 21 медали тилло, 7 медали нуқра ва 9 медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки ин натиҷа аз омодагии хуб ва сатҳи баланди касбии онҳо шаҳодат медиҳад.
Мусобиқа дар фазои рақобати солим баргузор гардида, варзишгарон маҳорати баланд ва омодагии техникии худро ба намоиш гузоштанд. Аз рӯи натиҷаи чемпионат ҳайати дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз риштаи Таеквондо WT муайян гардида, барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалии дарпешистода сафарбар карда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки иштироки муваффақонаи варзишгарони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ далели рушди пайвастаи варзиш дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ буда, барои омода намудани варзишгарони соҳибмаҳорат ва баланд бардоштани обрӯи «Динамо» ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда мегузорад.

















