Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи нақлиётии марговар

29-уми июни соли 2026 тахминан соати 16:50-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Landwind» рақами қайди давлатиаш 01-10 LW 20 Раҳмонқулов Мақсудҷон Шуҳратуллоевич соли таваллудаш 1998 истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кучаи Лоиқ Шералии шаҳри мазкур, дар рӯ ба рӯи бинои Литсейи касбии техникии шаҳри Панҷакент, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ронандаи дучархаи тамғаи «Скутер» Норбоев  Юсуф Салоҳиддинович соли таваллудаш 1982 истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакентро пахш намудааст. Дар натиҷа ронандаи дучархаи скутер Норбоев Ю. аз ҷароҳати ҷисмонии бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
Инчунин, 29-уми июни соли 2026 тахминан соати 01:30-дақиқа автомашинаи тамғаи “NETA” рақами қайди давлатиаш 47 89 ТТ 10, ки ба ҶДММ “Ковиён” тааллуқ дорад ва таҳти идораи Сафарзода Сафармад Шамсиддин моли таваллудаш 2005 истиқоматкунандаи ноҳияи Ш.Шоҳин қарор дошт, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи А.Қаҳоров пиёдагард Шукурова Бону Меҳроҷовна соли таваллудаш 1997 истиқоматкунандаи ноҳияи Нурободро пахш намудааст, ки дар натиҷа пиёдагард Шукурова Б.М., аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
Таҳқиқи ҳолатҳои зикршуда идома дорад.

30.06.2026 9:31
85