Дуздӣ
Аризаи шаҳрванд Самиев И.Ғ., соли таваллудаш 1972 истиқоматкунандаи ноҳияи Варзоб ба ШВКД дар ноҳияи мазкур ворид гардид, ки 14-уми майи соли 2026 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи назди манзили истиқоматиаш як сар говро рабудааст. Зарари расонидашуда 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро Ҷумаев Муборакшо соли таваллудаш 1999 сокини ноҳияи Варзоб содир намудааст.
Инчунин, аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино шаҳрвандон Саидов Т., Равшанзода А., соли таваллудашон 2008 истиқоматкунандагони ноҳияи Сино ва як нафар ноболиғ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир гардиданд. Гумонбарон 18-уми майи соли 2026 тахминан соатҳои 12:30-дақиқа бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии Мирзоева Н.С., соли таваллудаш 1978 сокини ноҳияи Сино шуда, аз онҷо асбобҳои сохтмониро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Вобаста ба ҳолатҳои ҷойдошта парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
















