ХУРОФОТ ВА ЗАРАРҲОИ ОН ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР
Хез, то хирқаи суфӣ ба харобот барем,
Зарқу томот ба бозори хурофот барем.
Ҳофизи Шерозӣ
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон масъалаи мубориза бо хурофот, таассуб ва ҷаҳолат ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Имрӯз кишвари мо дар шароите қарор дорад, ки ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва рушди устувори ҷомеа аз сатҳи маърифату дониш, худшиносиву ватандӯстии шаҳрвандон вобастагии амиқ дорад.
Хурофот маҷмуи ақидаҳо, тасаввурот ва боварҳои пучу беасос мебошад, ки ба илм, мантиқ ва воқеият мувофиқат намекунанд. Дар фарҳангҳои луғатӣ вожаи «хурофот» ба маънои «ақида ва фикрҳои пучу беасос, сафсата ва мавҳумот» шарҳ дода шудааст. Ин гуна андешаҳо одатан аз нодонӣ, тарс, боварҳои кӯркӯрона ва надонистани ҳақиқати масъалаҳо сарчашма мегиранд.
Таърих собит намудааст, ки ҷомеаҳои гирифтори хурофот наметавонанд ба пешрафти воқеӣ ноил гарданд. Хурофот инсонро аз роҳи ақлу хирад дур сохта, ӯро ба ҷаҳолат ва вобастагӣ аз афкори беасос мебарад. Дар чунин шароит шахс қобилияти таҳлил ва арзёбии воқеии ҳодисаҳоро аз даст дода, ба ҳар гуна овозаҳо, фолбинӣ, ҷодугарӣ ва дигар амалҳои беасос бовар мекунад.
Сабаби асосии паҳншавии хурофот норасоии дониш ва маърифат мебошад. Вақте инсон дар ҳалли мушкилоти зиндагӣ ба дониш, таҷриба ва мантиқ такя намекунад, ба хаёлпардозӣ ва эътиқодҳои беасос рӯ меорад. Эҳсоси ноумедӣ, роҳгумкардагӣ, бечорагӣ, осебдидагӣ ва бепаноҳӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки баъзе одамонро ба доми хурофот мекашанд. Маҳз дар чунин шароит гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва хурофотпардозон аз содабоварии мардум истифода намуда, манфиатҳои шахсии худро амалӣ месозанд.
Хурофот на танҳо ба шахс, балки ба тамоми ҷомеа зарар мерасонад. Он рушди илму техника, пешрафти иқтисодӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмиро бозмедорад. Ҷомеаи хурофотзада ҷомеаи эҳсосӣ ва осебпазир аст, ки дар он афрод ба ҷойи ҷустуҷӯи роҳи илмии ҳалли мушкилот, мунтазири муъҷиза мемонанд. Ин ҳолат метавонад заминаи пайдоиши таассуб, ифротгароӣ ва дигар амалҳои номатлуб гардад.
Хушбахтона, даврони соҳибистиқлолӣ барои миллати тоҷик имкониятҳои васеи рушди илм, маориф ва худшиносии миллиро фароҳам овард. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таҳким ёфт. Маҳз ҳамин сулҳу оромӣ имкон дод, ки ҷавонон ба омӯзиши илмҳои муосир, технологияҳои нав ва касбу ҳунарҳои гуногун рӯ оваранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 таъкид намудаанд: «Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».
Ин суханон роҳнамои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд. Имрӯз вазифаи ҳар яки мост, ки дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллиро ҳифз намуда, ба насли наврас рӯҳи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба донишро талқин намоем. Ҷавонон бояд дарк кунанд, ки роҳи расидан ба комёбӣ ва саодати зиндагӣ аз тариқи илму дониш, омӯзиш ва меҳнати созанда мегузарад, на аз роҳи хурофот ва ҷаҳолат.
Таърихи навини Тоҷикистон низ барои мо дарси бузург аст. Ҷанги шаҳрвандӣ ба кишвар хисороти зиёд овард, вале бо талошҳои Пешвои миллат сулҳу ваҳдати миллӣ барқарор гардид. Дар заминаи сиёсати башардӯстона то имрӯз борҳо санадҳои авф қабул шудаанд, ки аз инсондӯстӣ ва фарҳанги баланди сиёсии давлат шаҳодат медиҳанд. Ҳамаи ин дастовардҳо моро водор месозанд, ки аз гузашта сабақ гирифта, барои ҳифзи сулҳу субот ва рушди давлату миллат масъулияти бештар эҳсос намоем.
Дар ҷомеаи пуртазоди имрӯза ягона роҳи таъмини зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшон илму дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии илмӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди ҷомеа бояд аз хурофот, таассуб ва андешаҳои беасос дурӣ ҷӯяд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва барои рушду пешрафти Ватани азиз саҳми арзандаи худро гузорад. Зеро ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонони донишманд, ватандӯст ва худогоҳ аст. Танҳо тавассути илму маърифат, меҳнати созанда ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолу Ваҳдати миллӣ метавонем ҷомеаи пешрафта, неруманд ва ободро бунёд намоем.
Назарзода Икромҷон Ҳурматулло,
сардори ШВКД-2 дар н. Фирдавсӣ,
полковники милитсия
















