Садамаҳои нақлиётии марговар
28-уми июни соли 2026 тахминан соати 05:17-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Кемри” рақами қайди давлатиаш 01-10 ОС 03 Саримсоқов Хуршеджон Комилжонович соли таваллудаш 1994 истиқоматкунандаи ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти шаҳри Бохтар, воқеъ дар шоҳроҳи ноҳияи Кӯшониён-Вахш аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, ки таҳти идораи Худойдодов Мирзомаҳмад Кабутович соли таваллудаш 1957 истиқоматкунандаи ноҳияи Кӯшониён қарор дошт, бархурдааст. Дар натиҷа ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “Опел Астра” Худойдодов М.К., ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, 27-уми июни соли 2026 тахминан соати 22:20-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» рақами қайди давлатиаш 73-24 МС 02 Муқимов Баҳодур Аброрович соли таваллудаш 1978 истиқоматкунандаи ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Хуҷанд-Душанбе-Чаноқ, аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Деваштич аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қафои “Камаз”, ки таҳти идораи Муҳитдинов Обид Одилович соли таваллудаш 1986 истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан қарор дошат, бархурдааст. Дар натиҷа худи ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Муқимов Б.А. ва ду нафар мусофираш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд. Хурдсол Абдулфайзова Омина Саломовна соли таваллудаш 2025 истиқоматкунандаи ҳамон ҷо аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ҳолатҳои мазкур идома дорад.














