Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Конибодом шаҳрванд Туйчиев Фирдавс соли таваллудаш 1986 сокини кӯчаи Пахтаободи шаҳри мазкур барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд. Номбурда 26-уми июни соли 2026 тахминан соати 21:00-дақиқа дар истгоҳи шоҳроҳи асосии Конибодом-Хуҷанд, воқеъ дар шаҳри Конибодом бо шаҳрванд Насибов Маликхон соли таваллудаш 1995 сокини кӯчаи Ҷомии шаҳри мазкур муноқиша намуда, ӯро лату куб намудааст, ки дар натиҷа Насибов М.М., ба замин афтида сараш дар фарши бетонӣ зада ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст ва дар беморхона бистарӣ шудааст.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.















