Садамаи нақлиётии марговар
25-уми июни соли 2026 тахминан соатҳои 19:10-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи Тайёта Камри рақами қайди давлатиаш 20-01 ОВ 01 Шарипов Акбар Абдуманонович соли таваллудаш 1985 истиқоматкунандаи деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди Восеъ-Темурмалик, дар ҳудуди деҳаи Сурхдараи ноҳияи Восеъ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагарди хурдсол Қамардинзода Муҳаммадамин Бобоҷон соли таваллудаш 2022 истиқоматкунандаи деҳаи мазкурро пахш намудааст, ки дар натиҷа хурдсол ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, 25-уми июни соли 2026 тахминан соати 14:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс-Е 280 рақами қайди давлатиаш 00-95 OR 02 Тағоев Муҳиддинҷон Муҳаммадович соли таваллудаш 1995 истиқоматкунандаи ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Шарипов Абдуллоҷон Ҷаҳонгирович соли таваллудаш 2011 истиқоматкунандаи суроғаи зикршударо пахш намудааст, ки боиси дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидани дучархарон гардидааст.
Таҳқиқи ин ҳолатҳо ба роҳ монда шудааст.














