Қаллобӣ
Аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ дар натиҷаи санҷиши аризаи шаҳрванд Саидов С.Р., соли таваллудаш 1993 истиқоматкунандаи ноҳияи Сино муайян карда шуд, ки моҳи майи соли 2024 Мумиров Д.У., соли таваллудаш 1986 сокини ноҳияи Вахш бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 14-адад автомашинаҳои гуногунро тариқи ғайринақдӣ гирифта, маблағи 4-адад автомашинаро пардохт карда, боқимонда маблағи автомашинаҳоро то ҳол барнагардонидааст. Зарари расонидашуда 865 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.
















