Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғоратгарӣ

Шарҳванд Давронов А.А., соли таваллудаш 1994 истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор ба ШВКД дар шаҳри мазкур бо ариза муроҷиат намуд, ки 23-юми июни соли 2026 тахминан соати  23:30-дақиқа, шахси ношинос бе ягон асос ӯро зери лату куб қарор дода, аз ҷайбаш як адад телефони мобилии тамғаи “Редми ноте 8”, ки арзишаш 2000 сомониро ташкил медиҳад, бо роҳи зуроварӣ тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. 
Дар натиҷаи доир намудаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро Расулов Хисрав соли таваллудаш 1984 сокини шаҳри Ҳисор, маҳалаи Белайдуз содир намудааст. 
Оид ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар пешбурди тафтишот қарор дорад.

27.06.2026 10:10
37