Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қаллобӣ

Кормандони ШВКД дар шаҳри Бохтар шаҳрванд Шокаримов С.М., соли таваллудаш 1995 истиқоматкунандаи шаҳри мазкурро бо гумонбарӣ дар ҷинояти қаллобӣ дастгир намуданд. Номбурда моҳи декабри соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Пирматов А.И., сокини ноҳияи Қубодиён даромада, ваъда додааст, ки тавассути шиносҳояш ӯро таъминотчӣ (диллер) бо сементи ватанӣ дар ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Н.Хусрав таъин менамояд ва ба ин восита аз ҷабрдида 315 ҳазор сомонӣ талаб намуда гирифтааст. Аммо Шокаримов С.М., ягон амалро иҷро накарда маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

26.06.2026 14:02
35