Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ 

Шаҳрванд Абдуллоев Ш.С. соли таваллудуш 1964 истиқоматкунандаи шаҳри Кулоб ба ШВКД дар шаҳри мазкур бо ариза мурочиат намуд, ки 23-юми июни соли 2026 тахминан соати 21:00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 3200 сомонӣ ва як адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг”, арзишаш 2000 сомониро дуздидаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро 2 нафар ноболиғ сокинони шаҳри Кулоб содир намудаанд.
Инчунин, кормандони ШВКД дар шаҳри Хуҷанд шаҳрванд Шамсиев Бобур Маҳматқулович соли таваллудаш 1999 истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакентро бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд. Номбурда, гарчанде қаблан бо моддаи 244 ва 374 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ислоҳнопазир боқӣ монда, 14-уми июни соли 2026 тахминан соати 02:00-дақиқа аз мағозаи фурӯши ҷавоҳирот, воқеъ дар ҳудуди бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд, ки ба шаҳрванд Маҳмудова А.С., соли таваллудаш 1978 истиқоматкунандаи шаҳри Бустон тааллуқ дорад,  ҷавоҳироти гуногуни тилло ва нуқрагинро бо роҳи пинҳонӣ тасарруф намудааст.  Зарари расонидашуда 15000 сомониро ташкил медиҳад. 
Вобаста ба ҳолатҳои ҷойдошта парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар пешбурди тафтишот қарор дорад.

26.06.2026 13:58
33