Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ВКД
26 июни соли 2026 дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии судманд бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки муовини вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори хизмати дохилӣ Иброҳимзода Нозим ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур, инчунин доктори илмҳои фалсафа, профессор Хидирзода Махфират Умар ва омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Маҳмудов Давлатшо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни чорабинӣ баромадкунандагон оид ба аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ, саҳми арзишманди Пешвои миллат дар барқарорсозии сулҳу субот, рафъи оқибатҳои солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки маҳз бо талошҳои пайгиронаи роҳбарияти олии мамлакат сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардида, барои пешрафти босуръати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ заминаи устувор фароҳам оварда шуд.
Баромадкунандагон Ваҳдати миллиро ҳамчун дастоварди бузурги таърихии мардуми тоҷик арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки ҳифз ва таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Дар анҷоми чорабинӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ ба меҳмонони даъватшуда барои иштирок ва баргузории чунин як вохӯрии судманд изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки чунин мулоқоту ҳамоишҳо дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои сулҳу Ваҳдати миллӣ нақши муҳим доранд.



















