Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

24-уми июни соли 2026 тахминан соати 08:30-дақиқа шаҳрванд Назаров Д.Х., соли таваллудаш 2002 истиқоматкунандаи ноҳияи Вахш, дар заминаи рашк ва нобоварӣ бо ҳамсараш Ш.М., соли таваллудаш 2003 муноқиша намуда, дар дохили ҳуҷраи хоби манзили истиқоматиашон бо корд 3-маротиба ба бадани ҳамсараш задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба саломатиаш бардоштааст. Баъдан Назаров Д.Х. бо мақсади тафтишотро ба гумроҳӣ бурдан худро низ  бо истифода аз корд захмӣ намудааст.
Кормандони ШВКД дар ноҳияи Вахш дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ ҳолати мазкурро муайян намуданд. Тафтишот дар ин самт идома дорад.
 

25.06.2026 10:16
41