Тамаъҷӯӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия як далели ҷинояти тамаъҷӯӣ ошкор карда шуд. Шаҳрванд Х.И., соли таваллудаш 1992 истиқоматкунандаи ноҳияи Сино бо як нафар ҳаммаслакаш, ки дар кофтуков қарор дорад, бо роҳи тамаъҷӯи аз шаҳрванд Ш.А., сокини ноҳияи Ёвон бо баҳонаи он, ки гӯё ӯ ба номуси як нафар ноболиғ дастдарозӣ кардааст, барои маҳбас нашуданаш ҳуҷҷатҳои хонаи истиқоматиашро гирифта ба дигар шахс ба маблағи 115.000-сомонӣ фурухта, маблағҳои ба даст овардаашонро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур тафтишот ба роҳ монда шудааст.















