Роҳзанӣ
Шаҳрванд Хоҷаева М.В., соли таваллудаш 1982 сокини ноҳияи Восеъ ба ШВКД ноҳияи мазкур муроҷиат намуд, ки санаи 22-юми июни соли 2026 тахминан соати 01:00-дақиқа шахси номаълум, дар дасташ чубдаст ба хонаи истиқоматиаш даромада, бо дасташ гулуи номбурдаро буғӣ кардааст ва бо роҳи таҳдид 1-адад телефони мобилиаш тамғаи "Текно"-ро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.
Дар натиҷаи доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар ҷинояти мазкур шаҳрванд Менгулов Муборкшо Диловарович соли таваллудаш 2006 сокини ноҳияи Восеъ дастгир карда шуд.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

















