Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳқиқи навор

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки дар байни маҳалла оби наҳр аз таъсири бориши зиёди борон баланду тез гашта, наврасеро бо худ бо суръати баланд мебурд ва ғарқшавии наврас аён буд. Хушбахтона, дар ин ҳангом, як нафар шаҳрванд бо ҳисси масъулият ва раҳму шавқат ба кӯмаки навраси ғарқшуда расида, аз дохили наҳр ноболиғро аз оби сел берун кашида, ӯро аз марг наҷот дод.
Ҳолати мазкур тавассути камераи мушоҳидавӣ пурра сабт гардидааст.
Бо дастури роҳбарияти ВКД навори мазкур мавриди таҳқиқ қарор дода шуда, муайян карда шуд, ки навраси ба наҳр афтода ноболиғи 12-сола сокини деҳаи Оқтоқи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад ва ҳангоми гирифтани туби худ ба наҳр афтодааст.
Наҷотдиҳанда Тошев Бахтиёр сокини маҳаллаи Қаротегини ноҳияи Шоҳмансур мебошад.
Барои чунин ҷасорат ва шафқати инсонӣ номбурда бо фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз ҷониби муовини Вазир генерал-майори милитсия Муборакшозода Ғайратшо бо медали “Далерӣ” ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.

23.06.2026 8:18
61