Садамаи нақлиётии марговар
21-уми июни соли 2026 тахминан соати 11:40-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” рақами қайди давлатиаш 57-73 UU 08 Шералиев Эмомалӣ Суҳробович соли таваллудаш 2006 сокини ҷамоати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш, дар километри 153 аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа худи ронанда, Шералиев Э.С. дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, 4 нафар мусофирони дар дохили автомашинабуда, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Таҳқиқи ҳолати мазкур идома дорад.

















