Аз ҳаёт маҳрум гардидани пиёдагард бар асари садамаи нақлиётӣ
19-уми июни соли 2026 тахминан соати 14:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «КИА» рақами қайди давлатиаш 00-70 KV 10 Расулҷонзода Муҳаммад Мирзоумед соли таваллудаш 1999 сокини ноҳияи А. Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати шаҳраки Хоҷамастон ба самти деҳаи Уялии ноҳияи Хуросон, дар маркази ҷамоати шаҳраки Хоҷамастон пиёдагарди хурдсол Гулов Абубакр Ахмадович соли таваллудаш 2017 истиқоматкунандаи ҷамоати шаҳраки мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа ноболиғ ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмони бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Инчунин 19-уми июни соли 2026 тахминан соати 12:10-дақиқа ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “Опел-Астра” Муродов Баҳманёр Валиевич соли таваллудаш 1993 муваққатан истиқоматкунандаи ноҳияи Фархор, ҷ/ш Фархор, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгади ҷамоати деҳоти Гулшан ба тарафи ҷамоати шаҳраки Фархор, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагард Мирзоев Фурқат Исоевич соли таваллудаш 1983 истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳамадонӣ, деҳаи Иқболро пахш намудааст, ки боиси ба ҳалокат расидани номбурда шудааст.
Вобаста ба ҳолатҳои ҷойдошта таҳқиқ идома дорад.
















