Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Азонихудкунӣ  ё исрофкорӣ

Кормандони ШВКД дар ноҳияи Мурғоб шаҳрванд Мамадалиев Ҷапарқул Ниматович соли таваллудаш 1987 истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Ғ.Бардибаеви ноҳияи мазкурро бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ боздошт намуданд.
Номбурда, тирамоҳи соли 2020 тариқи шартномаи шифоҳӣ барои нигоҳубини 55-сар чорвои хурди шохдор аз Шамсидинов Михаил Давлатович соли таваллудаш 1956 истиқоматкунандаи ноҳияи мазкур қабул намуда, дар давоми солҳои 2020-2025 онҳоро азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Зарари расонидашуда 88 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. 
Инчунин Мамадалиев Ҷапарқул ҳамин тавр 20-сар чорвои хурди Катуров Каримдод Давлатбекович  сокини ноҳияи Мурғобро барои нигаҳбонӣ қабул намуда, дар давоми солҳои 2020-2025 онҳоро ба манфиати шахсиаш сарф кардааст ва зарари расонидашуда 32 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ҳолати мазкур нисбати Мамадалиев Ҷапарқул парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар пешбурди тафтишот қарор дорад.

20.06.2026 11:35
30