Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ

Шаҳрванд Усмонов А.Ҷ. соли таваллудаш 1983 истиқоматкунандаи ноҳияи Б. Ғафуров, ки ба ҳайси муовини директор дар ширкати ҶДММ «Таҷ-Роуд» фаъолият мекард, аз боварии  роҳбарияти  коргоҳ истифода намуда, барои мумфаршкунии роҳҳои  ноҳияи Ашт ба сокинони ноҳияи мазкур ба маблағи 1 миллиону 235 ҳазору 761-сомонӣ ба фуруш бароварда, маблағҳои ба даст овардаашро азонихуд намудааст.
Ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Б.Ғафуров муайян карда шудааст. 
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустӯҷӯӣ муайян карда шуд, ки директори ҶДММ “Соҳилсоз ”-и  ноҳияи Рашт Тоиров М.А., соли таваллудаш 1985 истиқоматкунандаи ҷамоати шаҳраки Ғарм дар асоси шартномаи ҳамкорӣ бо Муасиссаи давлатии сохтмони асосии Агенти беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аз  агентии мазкур маҳсулотҳои сохтмонии семент, қуму шағал ва арматураҳои барои истеҳсоли тахтасангҳо ҷиҳати истифода дар соҳили дарёҳои ҷумҳуриро  қабул карда, ҳангоми истеҳсоли тахтасангҳо маҳсулотҳои сохтмонии симент, қуму шағал ва арматураҳоро, ки арзишашон 465 ҳазору 480-сомониро  ташкил медиҳад,  ба манфиати  шахсиаш сарф  намудааст. 
Вобаста ба ҳолатҳои ҷойдошта тафтишот ба роҳ монда шудааст.

19.06.2026 10:47
35