Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи нақлиётии марговар

15-уми июни соли 2026 тахминан соати 20:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “AION S PLUS” рақами кайди давлатиаш 40-71 VV 01 Сардоров Аёмуддин Ҳикматуллоевич соли таваллудаш 2005 истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Абая ба самти кӯчаи Қаҳҳоров қоидаи ҳаракати роҳро вайрон намуда, Қосимов Муҳаммадҷон Ҳасанович соли таваллудаш 2005 сокини ноҳияи Фирдавсӣ, ронандаи скутери барқиро пахш намудааст, ки дар натиҷа Қосимов М.Ҳ., ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, 15-уми июни соли 2026 тахминан соати 14:00-дақиқа ронандаи автомашинаи  тамғаи «Опел-Зафира» Халқулов  Турсуналӣ соли таваллудаш 1956 истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Хуҷанд-Душанбе-Чаноқ» дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров аз  уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада,  автомашинаро чаппа намудааст.  Дар натиҷа ронанда Халқулов  Т. ва мусофираш Халқулов Фаёзбек Фарҳодович соли таваллудаш 2008 ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Оид ба ин ҳолатҳо таҳқиқот идома дорад.

18.06.2026 9:24
63