Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қаллобӣ

Аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино  шаҳрванд Пирматов Низомҷон соли таваллудаш 2001 истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумонбарӣ дар ҷинояти қаллобӣ боздошт гардид. Номбурда моҳи майи соли 2026 бо роҳи фиреб ба боварии Самадиён Б., соли таваллудаш 1986 истиқоматкунандаи ноҳияи Шоҳмансур даромада, аз ӯ як адад автомашинаи тамғаи «Волсфаген-Туарек»-ро ба маблағи 110 ҳазор сомонӣ ғайринақдӣ харидорӣ  намуда, ваъда додааст, ки дар муддати 20-шабонарӯз маблағашро пардохт менамояд, аммо то ҳол маблағашро надодааст.
Бо ҳамин восита Пирматов Н., аз шаҳрванд Тоҳирзода Ш., соли таваллудаш 2000, сокини нохияи Рӯдакӣ як адад воситаи нақлиёти тамғаи «Гаранд-шероки»-ро ба маблағи 210 ҳазор сомонӣ ғайринақдӣ харидори намуда, ваъда додааст, ки дар муддати 60-шабонарӯз маблағашро пардохт менамояд
Инчунин номбурда аз шаҳрванд Юсупов М.Ҳ., соли таваллудаш 1984 сокини шаҳри Ҳисор автомашинаи тамғаи «Лексус»-ро ба маблағи 220 ҳазор сомонӣ ғайринақдӣ харидорӣ намуда, ваъда додааст, ки дар муддати 2-шабонарӯз маблағашро пардохт менамояд.
Вобаста ба ҳолати ҷойдошта нисбати Пирматов Н. Барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тафтишти пешакӣ ба роҳ монда шудааст.

18.06.2026 9:21
39