Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ

Кормандони Шуъбаи оперативӣ-иттилоотии РОПҲНҶ ВКД дар натиҷаи доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Тағойбеков Холмаҳмад, ки бо тахаллуси “Ҳоҷӣ Холмад” шинохта мешавад, соли таваллудаш 1960 сокини ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдатро барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дастгир намуданд.
Номбурда, бо ташкили ҶДММ “Азиятранс” ба боркашонӣ машғул гардида, худро ҳамчун шахси диндор вонамуд карда, бо ин восита ба боварии шаҳрвандон даромада, моҳи декабри соли 2025 22 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикстонро бо ваъдаи бо ҷойи кор дар кишвари Славакия таъмин намудан, онҳоро ба шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бурда, давоми 20-шабонарӯз ба саргардонӣ дучор кардааст.
Тибқи ваъдаи шаҳрванд Тағойбеков Холмаҳмад ҷабрдидагон баъди таҳсили курси ронандагӣ ва гирифтани шаҳодатнома аз шаҳри Тошкент ба кишвари Славакияи Аврупо сафар мекарданд, вале баъд аз оне, ки ҳар кадоме зиёда аз 700 доллари амрикоӣ пардохт намудаанд, ба онҳо кортҳо ва чипҳое додаанд, ки гуё тавассути онҳо дар Ҷумҳурии Славакияи Аврупо кор мекунанд, аммо дар асл чип ва кортҳои ба ҷабрдидагон додашуда, танҳо дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон амал мекунад. Бо гузашти 7-моҳ Тағойбеков Холмаҳмад ягон нафари онҳоро ба ягон кишварҳоии аврупоӣ равон накардааст.
Ҳар кадоми ҷабрдидгон зиёда аз 12 000 сомонӣ барои ҳуҷҷатҳо, бақайдгирӣ, рафту омад, ҷойи хоб ва хурду хурок хароҷот намудаанд.
Тағойбеков Холмаҳмад низ аз ҳар як нафар ҷабрдида 1300 сомонӣ талаб намуда, гирифтааст ва дар умум бо ин амалаш ба 22 нафар шаҳрвандон зарари моддӣ расонидааст.
Вобаста ба шахсияти Тағойбеков Холмаҳмад бо тахаллуси “Ҳоҷӣ Холмад” қайд кардан зарур аст, ӯ қаблан 4 маротиба бо моддаҳои 259 қисми 2, 247 қисми 2, 243, қисми 2, 340 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб гардида,  нисбаташ ҳукми суд татбиқ гардидааст.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

18.06.2026 8:59
88