Тасарруфи пинҳонии молу мулки ғайр
Шаҳрванд Шафиева Н.Т., соли таваллудаш 1994 истиқоматкунандаи ноҳияи Сино бо ариза ба ШВКД ноҳияи И. Сомонӣ муроҷиат намуд, ки 24-уми майи соли 2026 ҳангоми дар нуқтаи ороиши кошонаи ҳусни “Амина”, воқеъ дар кӯчаи Бухоро қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ҷуздонашро, ки дар дохилаш 850-сомонӣ, 1-адад гарданбанди тиллоӣ арзишаш 5 ҳазор сомонӣ, 1-адад шиноснома ва 5 адад кортҳои бонкӣ дошт, дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти мазкур шаҳрванд Ёрматова М.И., соли таваллудаш 2004 истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷ.Балхӣ дастгир карда шуд.

















