Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Шаҳрванд Носиров С.Қ., соли таваллудаш 2008 истиқоматкунандаи кӯчаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансур ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат намуд, ки дар кӯчаи Ҷомии ноҳияи Фирдавсӣ Ғаффоров Р.Н., соли таваллудаш 2007 истиқоматкунандаи ноҳияи И.Сомонӣ донишҷӯӣ бахши 1-уми “Коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупов” аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос бо ӯ ҷангу муноқиша намуда,  бо санг як маротиба ба сараш задааст. 
Дар натиҷа Носиров С.Қ. зарари вазнин ба саломатиаш бардоштааст.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишоти пешакӣ ба роҳ монда шудааст.

16.06.2026 9:22
36