Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Одамкушӣ дар ҳолати мастӣ

Истеъмоли аз меъёр зиёди нӯшокиҳои спиртӣ ва муносибатҳои носолим дар бисёр маврид боиси сар задани муноқишаҳо гардида, оқибат ба ҳодисаҳои ҷуброннопазир ва содиршавии ҷиноятҳои вазнин меанҷоманд.
Аз ҷониби кормандони оперативии ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ дар гармогармӣ ҷинояти одамкушӣ ошкор карда шуда, ҳамчун гумонбар шаҳрванд Шарофати Ҷамолиддин, соли таваллудаш 1992 дастгир карда шуд.
Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки номбурда бо марҳум Иноятов А., сокини 61-солаи шаҳри Душанбе, муносибатҳои маҳрамона дошта, шаби 13 июни соли ҷорӣ дар манзили иҷоравии худ, воқеъ дар кӯчаи Назрибеков, ба истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ машғул шудаанд.
Дар натиҷа, байни номбурдагон дар ҳолати сархушӣ муноқиша ба амал омада, гумонбаршаванда Шарофати Ҷ. бо истифода аз корди ошхонагӣ ба узвҳои гуногуни бадани марҳум зарба зада, бо як бераҳмии махсус ӯро ба ҳалокат расонидааст.
Айни замон гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ тафтишоти пешакӣ идома дорад.

15.06.2026 8:42
63