Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари таълимӣ дар Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб

11-уми июни соли 2026 дар Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари таълимӣ дар мавзуи «Пешгирии ҷавонону наврасон аз оворагардӣ, мубтало шудан ба нашъамандӣ, истеъмоли моддаҳои психотропӣ, интихоби варзиш ва тарзи ҳаёти солим» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур полковники милитсия Шоҳиён Аслиддин - муовини якуми раиси Шурои ҷумҳуриявии "Динамо"-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Раҳимзода Диловар - сардори Маҷмааи варзишии Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Мирзоев Баҳром - муовини раиси Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, подполковники милитсия Ҳамидзода Дилшод - сардори шуъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, майори милитсия Муҳидинзода Диловар - нозири калони шуъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони ҚМ РВКД оид ба гуруҳои ноҳияҳои Кӯлоб, инчунин роҳбарият ва афсарону курсантони муассисаи таълимии мазкур иштирок намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ полковники  милитсия Шоҳиён Аслиддин дар мавзуи эҳтироми волидайну устодон, дӯст доштани ватани азизамон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ,  сулҳу ваҳдат ва  варзиш гарави саломатӣ баромад намуд.
Дар идома наворҳои хусусияти тарбиявидоштаро ба маърази тамошо гузоштанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки аз санаи 25 май то 10 июни соли 2026 дар байни курсантон ва рекрутони Коллеҷи милитсия «Футболи хурд» ташкил ва гузаронида шуд, ки  дар ин мусобиқа 14 дастаи курсантони Коллеҷи мазкур фаъолона иштирок  ва ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.
Ҷойи 1-умро дастаи курси 3, ҷойи 2-юмро дастаи курси 1, ҷойи 3-юмро дастаи курси 2 соҳиб шуданд.
Дар идомаи чорабинӣ ба  ғолибони мусобиқа Ҷом, медал, Сипоснома, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар фарҷом полковники  милитсия Шоҳиён Аслиддин ва кормандони Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД бо кормандон ва курсантони Коллеҷи милитсия якҷоя акси хотиравӣ гирифтанд.

13.06.2026 13:07
53