Мусобиқаи “Футболи хурд” дар ноҳияи Дарвоз
Бо мақсади рушди соҳаи варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим тибқи нақшаи тасдиқнамудаи ВКД дар якҷоягӣ бо САҲА, Шурои ҷумҳуриявии “Динамо”-и ВКД аз 9 то 12-уми июни соли равон и ВМКБ байни наврасону ҷавонон ташкил ва баргузор намуд. Дар ин чорабини зиёда аз 10 даста, аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ва ҷавонон ширкат варзида, маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд.
Ҳамин тавр ҷойи аввал насиби дастаи МТМУ №1-и деҳаи Қалаи хумб, ҷойи дуюм насиби дастаи МТМУ №4-и деҳаи Зингӣ ва ҷойи сеюм насиби дастаи дигари МТМУ №1- деҳаи Қалаи Хуб гардид. Ғолибон бо медал, ҷом, ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Чунин чорабиниҳои варзишии Шурои ҷумҳуриявии “Динамо”-и ВКД дар дигар шаҳру ноҳияҳо тибқи нақша ба роҳ монда мешавад.

















