Садамаи наклиётии марговар
11-уми июни соли 2026 тахминан соати 22:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус RX-350» Холназаров Шомирзо Боймирзоевич соли таваллудаш 1958 сокини ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми ҳаракат кардан дар километри 319-и шоҳроҳи «Хуҷанд-Душанбе-Чаноқ», ҳудуди ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Сангинзода Исломбек Даврон соли таваллудаш 2005 истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳро пахш намудааст. Дар натиҷа дучархарон Сангинзода И.Д ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯйи ҳодисаи мазкур таҳқиқ идома дорад.
















