Худсарӣ
12-уми июни соли 2026 шаҳрванд Сироҷов Л.З., соли таваллудаш 1959 истиқоматкунандаи кӯчаи С.Шерозӣ ба ШВКД -2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза муроҷиат намуд, ки моҳи марти соли 2026 Сафаров Т.С., соли таваллудаш 1994 истиқоматкунандаи кӯчаи Н.Ганҷавӣ автомашинаи шахсиаш тамғаи “ОПЕЛ АСТРА”-ро худсарона фурӯхта, маблағҳояшро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Дар натиҷа ба шаҳрванд Сироҷов Л.З. 27 000-сомонӣ зарар расонидааст.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишоти пешакӣ ба роҳ монда шудааст.















