Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сайди ғайриқонунии ҳайвоноти обӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди моҳипарварӣ барномаҳои давлатӣ қабул намуда, соҳаи моҳипарвариро бо ташкили хоҷагиҳои моҳипарварӣ равнақ мебахшад, то ин ки бозори истеъмолии кишвар аз ин анвои гушти парҳезӣ таъмин бошад. Мутаассифона, баъзе афроди манфиатхоҳ бо амалу рафтори харобиовар ба амалишавии барномаҳои давлатӣ монеа эҷод мекунанд.
Кормандони Раёсати экологӣ ва сайёҳии  Вазорати корҳои дохилӣ баҳри пешгирии шикори ғайриқонунии ҳайвоноти обӣ аз ҷумла моҳӣ дар вақти тухумгузорӣ чорабиниҳои мақсаднок доир менамоянд.
Аз ҷумла, 12-июни соли 2026 кормандони Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД зимни як амалиёт як далели ғайриқонунии шикори моҳиро  ошкор намуданд.
Шаҳрвандон Ашуров Бурибой Маҳмасаидович соли таваллудаш 1990 истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор, ки пеш бо моддаи 234 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, Ашуров Ҷамшед Маҳмадсаидович ва Каримов Манучеҳр Мирзоюсуфович дар дарёи “Кофарниҳон”, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Эсанбой асбоби худсози барқзиёдкунандаи (электроудочка) ба ноқили барқӣ пайвастро ба дохили оби дарё гузошта, бо роҳи маҳви оммавӣ 1013-адад “Ширмоҳи”-ро сайд намудаанд ва ба муҳити зист зарар ба миқдори калон расонидаанд.
Ёдовар мешавем, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сайди ҳайвоноти обӣ бо дастгоҳҳои барқӣ ва маводи кимиёвӣ ҷиноят ҳисобида мешавад. Зеро ин василаҳои моҳидорӣ, ҳам тухми моҳӣ ва ҳам насли дигар ҳайвоноти обиро нест карда, боиси камшавии навъҳои моҳӣ мегарданд.
Боздоштгардидагонро ҷавобгарии ҷиноятӣ тибқи талаботи модди 230-и КҶ ҶТ яъне сайди ғайриқонунии ҳайвоноти обӣ таҳдид менамояд.

13.06.2026 11:10
31