Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил бидуни мақсади тасарруф

11-уми июни соли 2026 аризаи шаҳрванд Қуватбеков Ф.С., соли таваллудаш 1987 истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Поршинев ноҳияи Шуғнон ба ШВКД дар ноҳияи мазкур ворид гардид, ки санаи 11.06.2026 сол, тахминан соати 00:10-дақиқа, шахсони номаълум аз назди манзили истиқоматиаш автомашинаи тамғаи “Чанху” рақами қайди давлатиаш 74-85 АА04-ро ғайриқонуни ҳай карда ба самти номаълум бурдаанд. 
Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ду нафар ноболиғ сокинони ноҳияи мазкур содир намудаанд. Далели шайъӣ воситаи нақлиёт, дар ҳолати садамавӣ дар канори роҳи деҳаи Миденшори ҷ ноҳияи Шуғнон дарёфт карда шуд.
Тафтишоти пешакӣ дар ин самт ба роҳ монда шудааст.  

12.06.2026 11:01
26