Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Авбошӣ

Кормандони ШВКД дар шаҳри Ваҳдат шаҳрвандон Ғаюров С.С., соли таваллудаш 2005 ва Кенҷаев Х.Х., соли таваллудаш 2004 истиқоматкунандагони ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдатро барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт намуданд. 
Нобурдагон 9-уми июни соли 2026 бо Низомов Д.Б., соли таваллудаш 1990 истиқоматкунандаи суроғаи зикршуда, баҳсу муноқиша намуда, якдигарро мавриди лату кӯб қарор додаанд. Сипас, Ғаюров С.С., бо корди хоҷагӣ як маротиба ба қисмати шиками Низомов Д.Б., зарба задааст. Шаҳрванд Кенҷаев Х.Х., бо бели дар дасташбуда  ҳамла намудааст. Дар натиҷа тартиботи ҷамъиятӣ дағалона вайрон карда шудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

12.06.2026 10:51
29