Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Шаҳрвнд Ашуров У.П., соли таваллудаш 1984 истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Н.Хусрави ноҳияи Қубодиён 11-уми июни соли 2026 дар ҳолати мастӣ аз ҳиссиёти рашк бо ҳамсараш А.М., соли таваллудаш 1990 баҳс намуда, бо корди сохтмонӣ (малярний нож) ҳамсарашро захмӣ кардааст. Дар натиҷа ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Инчунин аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Тағоев И.И., соли таваллудаш 2003 сокини деҳаи Қибили шаҳри Норак, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, ҳангоми дар кӯчаи Ҳ.Шерозии шаҳри мазкур қарор доштанаш, бе ягон асос бо як нафар ноболиғи 16-сола сокини шаҳри Норак, муноқиша намуда, бо корди ошхонагии дар дасташбуда ба қисмати шиками ноболиғ як маротиба зада, ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.  Мувофиқи санади экспертизаи тибби судӣ ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба саломатиаш бардоштааст. 
Оид ба ин ҳолатҳо тафтишот идома дорад.

12.06.2026 10:47
28