БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ҶАМЪБАСТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ РАСМИ БЕҲТАРИНИ КӮДАКОНА ДАР МАВЗУИ «ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОР»
11 июни соли ҷорӣ дар доираи ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарбия намудани кӯдакону наварасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, тақвият додани донишҳои наврасон вобаста ба риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, баланд бардоштани маърифати зиддисӯхтории онҳо, шуҷоату далерӣ, мардонагӣ ва баланд бардоштани савия ва малакаи дониши онҳо баҳри риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар муассисаҳои таълимӣ ва манзилҳои истиқоматӣ, инчунин ҳифзи моликияти давлатӣ ва хусусии шаҳрвандон аз коми оташ даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона дар мавзуи «Қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор» миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар боғи Садриддин Айнии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар даври ҷамъбастии озмун сардори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам ва муовини вазири маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон Каримзода Равшан, иштирокчиёни озмун аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зиёда аз 80 нафар иштирок намуданд.
Чорабиниро сардори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам ва муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан оғоз намуда, таъкид намуданд, ки танҳо дар ҳамдастӣ ва фаъолият муштарак, ташкил ва баргузории чунин озмуну мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ мо метавонем дар самти дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба комёбиҳои бузрг ноил гардем.
Ҳамзамон қайд намуданд, ки ҷалб намудани хонандагон ба чунин озмунҳо аз манфиат холӣ нест, зеро пур намудани фазои холигии кӯдакону наврасон яке аз роҳи муҳим ва асосии пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон мебошад.
Сардори СХДО қайд намуд, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ ҳамкории зичро бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар якҷоягӣ барои тарбия намудани кӯдакону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, шуҷоату далерӣ, мардонагӣ ва дар умум ба воя расонидани онҳо ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат, саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Дар даври ҷамъбастии озмун 3 нафар сазовори ҷойи якум, 4 нафар сазори ҷойи дуюм, 6 нафар сазори ҷойи сеюм ва 10 нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд, ки аз ҷониби СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ ҳавасманд гардонида шуданд.


















