Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинӣ дар доираи ислоҳоти милитсия

11-уми июни соли 2026 дар толори Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оиб ба гуруҳи ноҳияҳои Кулоб мизи мудаввар бо иштироки Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия полковники милитсия Толеҳзода Азам Толиб, муовини сардори ҚМ Раёсат подполковники милитсия Салимзода Бегиҷон, кормандони ШВКД дар шаҳру ноҳияҳо, аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятии назди РВКД ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои Қисми минтақавии Раёсати мазкур баргузор гардид.
Чорабиниро Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия полковники милитсия Толеҳзода Азам Толиб ҳусни оғоз бахшида, аз дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар самти татбиқи Барномаи ислоҳоти милитсия ёдовар гардид. Мавсуф таъкид намуд, ки Шӯроҳои ҷамъиятӣ ҳамчун яке аз ниҳодҳои муҳими ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар таҳкими эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ нақши муассир доранд.
Қайд гардид, ки дар доираи татбиқи ислоҳоти милитсия фаъолияти Шӯроҳои ҷамъиятӣ сол аз сол густариш ёфта, онҳо ба як неруи фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ табдил ёфтаанд. Аз аъзои Шӯроҳои ҷамъиятӣ даъват ба амал оварда шуд, ки фаъолияти худро дар самти пешгирии ҷинояткорӣ, муқовимат ба зуҳуроти номатлуб, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ боз ҳам тақвият бахшанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятии назди мақомоти корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо барои ҳамкории судманд, саҳми арзанда дар татбиқи ислоҳоти милитсия, таҳкими робитаи мақомоти корҳои дохилӣ бо ҷомеа ва иштироки фаъолона дар пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ сипосномаҳо тақдим карда шуд.


11.06.2026 19:50
55