Ташкили фоҳишахона
8-уми июни соли 2026 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони РКҶ ВКД муайян карда шуд, ки шаҳрванд З.М., соли таваллудаш 1984 истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода директори меҳмонхонаи “Диёр” бо шаҳрванд С.М., соли таваллудаш 1989 сокини ноҳияи Сино маслиҳат намуда, муддати як сол мешавад, ки меҳмонхонаро ба фоҳишахона табдил додааст. Номбурдагон ба шаҳрвандон барои ҳамхобагӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 600 сомонӣ талаб намуда гирифтаанд.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.














