Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

Шаҳрванд Негматова Ф.Ш., соли таваллудаш 1986 истиқоматкунандаи кӯчаи ноҳияи Сино ба ШВКД 2 дар ноҳияи мазкур бо ариза муроҷиат намуд, ки 9-уми июни соли 2026  шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 12 ҳазору 800 сомониро дуздидааст. 
Ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД 2 дар ноҳияи Сино ҳамчун гумонбар дар ҷинояти мазкур шаҳрванд Аюбов И.С., соли таваллудаш 1985 сокини ноҳияи И.Сомонӣ дастгир гардид. 
Инчунин, кормандони ШВКД дар ноҳияи Шуғнон шаҳрванд Саломатшоев Т.С., соли таваллудаш 1976 истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи мазкурро бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.
Гумонбаршуда, бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайби Мамадкаримов С., соли таваллудаш 1950 истиқоматкунандаи суроғаи зикршуда 7 ҳазору 850-сомониро дуздидааст. 
Кормандони ШВКД дар шаҳри Ваҳдат низ дар асоси аризаи шаҳрванд Мирзозода Л.Р., соли таваллудаш 1993 истиқоматкунандаи ноҳияи Файзобод ҳамчун гумонбар дар ҷинояти дуздӣ Қаландаров С.А., соли таваллудаш 1983 сокини  ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдатро боздошт намуданд.
Дастгиршуда 6-уми июни соли 2026 тахминан соати 16:00-дақиқа бо роҳи пинҳонӣ аз канори шоҳроҳи Ваҳдат-Файзобод  як сар гови ҷабрдидаро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 5 ҳазору 200-сомониро ташкил медиҳад. 
Вобаста ба ҳолатҳои ҷойдошта корҳои тафтишотӣ ба роҳ монда шудааст.

11.06.2026 10:35
30