Ҷасорати корманди милитсия
Дар шаҳри Хуҷанд ҳодисаи суиқасд ба худкушӣ аз ҷониби корманди милитсия пешгирӣ карда шуд. Санаи 4 июн тахминан соати 13:20 дақиқа ҷавонзани соли таваллудаш 2003 истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров бо мақсади аз ҳаёт маҳрум кардани худ, дар кӯчаи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд назди купруки кӯҳна худро ба дарёи Сир партофтааст. Аз ҳолати мазкур нозири калони гуруҳи молияви шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд лейтенанти калони милитсия Темуров Аҳадхон Аҳмадович бохабар гашта, бо нишон додани ҷасорат нафари қасди худкуши доштаро наҷот дод.
Амали саривақтӣ имконият дод, ки дар лаҳзаҳои барои ҳаёту саломати хатарнок ҳаёти ҷавонзан ҳифз карда шавад. Дар шуъбаи ВКД-ии шаҳри Хуҷанд бо ҷавонзан суҳбатҳои дилгармкунанда ба ҳаёти солим ва таскиндиҳандаи тавонбахшӣ анҷом дода шуда сиҳат саломат ба аҳли хонаводаш супорида шуд.
Илова бар ин, маводҳои аввалияи санҷиши вобаста ба ҳодисаи мазкур тартиб дода шудааст.
Ёдрас менамоем, ки ҳимояи ҳаёту саломатии шаҳрвандон самти афзалиятноки фаъолияти корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Новобаста аз хатарнокии вазъияти ба амал омада корманди милитсияро зарур аст уҳдадории касбиро иҷро намуда дар пайи наҷоти атрофиён бошад. Маҳз ҳамингуна ҷасорати наҷотбахш аз ҷониби лейтенанти калони милитсия Аҳадхон Темуров анҷом дода шуд, ки боиси ифтихор аст.
Рӯзи 10 июн дар маҷлисгоҳи шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва роҳбарони сохторҳои шаҳрдорӣ ҷаласаи корӣ баргузор ва ҷасорати корманди милитсияро қадршиносӣ карданд. Дар ҷараёни чорабинӣ корнамоии лейтенанти калони милитсия Аҳадхон Темуровро, ки ҳаёти як нафарро ҳифз кард ситоиш ва ӯро ҳамчун корманди боинтизом ва дар иҷрои вазифаи хизматӣ масъулиятшинос таъкид карданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки фаъолияти ҳамингуна ҷавонони руҳану ҷисман обутобёфта дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ муҳим мебошад. Зеро дар ҳамагуна вазъият ба савганд содиқ монда уҳдадории касбиро сарбаландона иҷро менамоянд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитс


















