Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

қаллобӣ

Дар натиҷаи санҷиш ва баррасии аризаи шаҳрванд Самизода Р.А. соли таваллудаш 1984 истиқоматкунандаи шаҳри Конибодом муайян гардид, ки шаҳрванд Маҳмудов С.Қ., соли таваллудаш 1988 сокини шаҳри Кулоб бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз моҳи сентябри соли 2025 то моҳи апрели соли 2026  аз ӯ дар 20-марҳила 298 ҳазор сомониро гирифта, ваъда додааст, ки бародари Самизода Р.А.-ро, ки дар маҳбас қарор дорад, аз маҳкама озод менамояд, аммо маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Одинаева И.У., соли таваллудаш 1974 сокини деҳаи Сафедоби ноҳияи Ҳамадонӣ, ки  пеш бо моддаҳои 247, қ.3 ва 338 қ.1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикисон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд. Номбурда, моҳи сентябри соли 2025 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Исмонов Ҷ.С., соли таваллудаш 1993 сокини деҳаи Ориёнои ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ  60 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш майдони 0,05 га қитъаи замин барои бунёд намудани манзили истиқоматӣ ҷудо намуда медиҳад.
Вобаста ба ҳолатҳои ҷойдошта парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида дар пешбурди тафтишот қарор дорад.

10.06.2026 12:04
43