Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздӣ

Шаҳрванд Махсумов М.А. соли таваллудаш 1996 истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Машъали ноҳияи Вахш ба РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт бо ариза муроҷиат намуд, ки шаби 31 майи соли 2026 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз мавзеи заминҳои деҳаи Булкормаи ҷамоати деҳоти Ҳоит, як адад мототсикли тамғаи “Супер нев Макс” соли бароришаш 2023-ро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. 
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро Ҳоҷизода И.Б. соли таваллудаш 1999 истиқоматкунандаи деҳаи Мазори ҷамоати деҳоти Ҳоит содир намудааст.
Оид ба ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

10.06.2026 11:58
27