Садамаи нақлиётии марговар
8-ми июни соли 2026 тахминан соати 16:30-дақиқа ронандаи мототсикли тамғаи «Байк» Ҳоҷиев Зиёдқул Самариддинович соли таваллудаш 1998 истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент, ҷамоати деҳоти Моғиён, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Айнӣ-Панҷакент» дар ҳудуди деҳаи Навободи шаҳри Панҷакент, аз уҳдаи идораи мототсикл набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» рақами қайди давлатиаш 63-01 КН 02, ки таҳти идораи ронанда Фахриддинов Рамзиддин соли таваллудаш 2002 сокини шаҳри мазкур қарор дошт, бархурдааст. Дар натиҷа ронандаи мототсикл Ҳоҷиев Зиёдқул аз ҷароҳати ҷисмонии бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ҳолати мазкур идома дорад.
















