Ғоратгарӣ
Нурманов Ҳ.А., соли таваллудаш 1986 истиқоматкунандаи деҳаи Ширинчашмаи шаҳри Турсунзода ба ШВКД шаҳри мазкур дар он хусус муроҷиат намуд, ки 8-уми июни соли 2026 тахминан соатҳои 03:30-дақиқа, ҳангоми дар назди таваққуфгоҳи ҶДММ “Фирӯз” воқеъ дар маҳаллаи 5-уми шаҳри Турсунзода қарор доштанаш, як нафар ӯро бе ягон асос мавриди лату куб қарор дода, бо роҳи зуроварӣ ҷузвдони варзишиашро, ки дар дохилаш ду адад шими мардона, як ҷуфт пойафзоли варзишӣ ва як адад футболкаи мардона, ки арзиши умумиашон 450-сомониро ташкил медиҳад, тассаруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Турсунзода муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 17-сола истиқоматкунандаи деҳаи Дурбеди шаҳри Турсунзода, ки қаблан бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.
















