Садамаи нақлиётии марговар
7-уми июни соли 2026 тахминан соати 06:20 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай старекс” рақами қайди давлатиаш 56 85 ТТ 03 Шарипов Файзалӣ Шералиевич соли таваллудаш 1968 истиқоматкунандаи деҳаи Иттифоқи ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Фархор ба самти ҷамоати деҳоти Ватан, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-астра”, ки таҳти идораи ронанда Махсумов Бобохон Шарифович соли таваллудаш 1999 сокини ноҳияи мазкур қарор дошт, бархурдааст.
Дар натиҷа мусофирони воситаи нақлиёти тамғаи “Опел-астра” Қосимов Сангалӣ Сангакович соли таваллудаш 1995, Қосимов Ҷумахон Сангакович соли таваллудаш 1996, Ҳакимов Маҳмадҷон Саймудинович соли таваллудаш 1999 ва ноболиғ Ҳакимов Раҳматулло Раҳимович соли таваллудаш 2011 истиқоматкунандагони ҷамоати деҳоти Ватан, деҳаи Садоқат ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳияи Фархор ба ҳалокат расидаанд.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқ ба роҳ монда шудааст.















