Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷиноятӣ дуздӣ

Аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванд Бобокалонов Р.Қ., соли таваллудаш 1997 сокини кӯчаи Теппаҳои Шарқии ноҳияи мазкур, ки  пеш бо моддаҳои 244 ва 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир кардани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбар шаби 5-уми июни соли 2026 бо роҳи пинҳонӣ ба ҶДММ “Марв сохтумон”, воқеъ дар кӯчаи Ҳусейнзодаи пойтахт даромада, аз он ҷо 1-адад ноутбук, арзишаш 1500-доллари ИМА, 1-адад префаратор, арзишаш 650-сомонӣ, 1-адад балгарка, арзишаш 350-сомониро дуздидааст.
Кормандони ШВКД -1 дар ноҳияи Б. Ғафуров низ шаҳрванд Халқулов Ф.М., соли таваллудаш 1990 истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳро бо гумонбарӣ ба ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд. Номбурда 3-юми июни соли 2026, тахминан соати 3:00 дақиқа, аз заминҳои ноҳияи Б.Ғафуров, 35-адад чорвои майдаи Турабоев Ғ.Ҳ., истиқоматкунандаи  ноҳияи Ҷ.Расуловро бо роҳи пинҳонӣ тасарруф кардааст. Зарари расонидашуда 80 ҳазору 150-сомониро ташкил медиҳад.
Вобаста ба ҳолатҳои ҷойдошта парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
08.06.2026 10:03
50