Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи нақлиётии марговар

4-уми июни соли 2026 тахминан соати 17:30 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс-200» рақами қайди давлатиаш 55-55 LN 02 Муродов Мирзосаид Охунович соли таваллудаш 1983 истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми бо сураъати баланд ҳаракат намудан дар роҳи мошингарди Ғафуров-Хуҷанд, воқеъ дар назди Қасри фарҳанги ноҳияи Б.Ғафуров, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, аз беэҳтиётӣ пиёдагарди ноболиғ Темиров Имронбек Достонович соли таваллудаш 2019 сокини ҷамоати шаҳраки Ғафурови ноҳияи Б.Ғафуров, ки роҳро убур мекард, пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ Темиров И.Д., аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
Таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад.

06.06.2026 10:18
52