Озмуни «Китобхонӣ ва шеърхонӣ» дар сафи Қӯшунҳои дохилӣ
Дар таърихи тамаддуни башарӣ китоб ҳамеша ҳамчун сарчашмаи хирад, оинаи беғубори маънавиёт ва пули пайвандгари наслҳо эътироф шудааст. Рушди зеҳнӣ, камолоти ахлоқӣ ва ташаккули ҳувияти миллии ҳар як ҷомеа маҳз ба сатҳи китобдӯстӣ ва фарҳанги мутолиаи мардуми он робитаи ногусастанӣ дорад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки амиқи ин ҳақиқат, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеаро ба яке аз самтҳои калидии сиёсати иҷтимоӣ табдил додааст. Ташаббусҳои фарҳангпарварона ва саъю талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳёи анъанаи китобхонӣ, бунёди китобхонаҳои муосир ва фароҳам овардани шароити мусоид барои дастрасӣ ба асарҳои гузаштагону муосирон, имрӯз ба як ҳаракати бузурги умумимиллӣ табдил ёфтааст.
Ин иқдомҳои созанда собит месозанд, ки қудрати асосии давлат дар зеҳну тафаккури пешрафтаи шаҳрвандони он нуҳуфтааст.
Ин мавҷи бедории маънавӣ ва таваҷҷуҳ ба китоб ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, аз ҷумла Қӯшунҳои дохилиро низ фаро гирифтааст. Зеро афсару сарбози муосир на танҳо бо нерӯи ҷисмонӣ ва маҳорати ҷангӣ, балки пеш аз ҳама бо силоҳи дониш, тафаккури мантиқӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ бояд мусаллаҳ бошад.
Маҳз дар пайравӣ ба ин сиёсати хирадмандона ва бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни муқаддаси миллӣ - 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар байни тамоми қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ озмуни зеҳнӣ таҳти унвони «Китобхонӣ ва шеърхонӣ» эълон гардид.
Тибқи барномаи чорабинӣ, ин сабқати маърифатӣ тайи моҳҳои июл ва август ҷараён гирифта, беҳтарин истеъдодҳоро аз миёни ҳомиёни Ватан кашф хоҳад кард.
Мақсад аз баргузории озмун пайдо намудани чеҳраҳои нав, баланд бардоштани завқи бадеии низомиён ва арҷгузорӣ ба забону адабиёти миллӣ мебошад. Барои ҳавасмандгардонӣ ва қадршиносии иштирокчиёни фаъол, роҳбарияти Қӯшунҳои дохилӣ мукофотҳои арзандаро пешбинӣ намудааст. Ғолибони озмун дар вазъияти тантанавӣ бо мукофотҳои пулӣ, туҳфаҳои молӣ, инчунин Ифтихорномаву Сипосномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.
Тарғиби пайвастаи китобу китобхонӣ дар муҳити низомӣ танҳо як тадбири фарҳангӣ набуда, балки омили муҳими ташаккули интизоми қатъӣ ва ҷаҳонбинии солим маҳсуб меёбад. Вақте ки сарбоз китоб мехонад, ӯ таърихи пурифтихори миллати худро меомӯзад, қадри сулҳу суботро амиқтар дарк мекунад ва иродаи худро барои ҳифзи ин марзу бум сайқал медиҳад. Китоб ба ҳомии Ватан меомӯзонад, ки ӯ на фақат нигаҳбони сарҳад ё тартибот, балки муҳофизи фарҳанг ва арзишҳои миллии давлати хеш аст.
Баргузории озмуни мазкур бори дигар собит менамояд, ки дар Қӯшунҳои дохилӣ ба рушди ҳамаҷонибаи шахсият таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад ва китоб ҳамчун беҳтарин ҳамсафару роҳнамо дар сангари хизмат эътироф гаштааст. Бигзор нури маърифат ва шавқи мутолиа дар қалби ҳар як муҳофизи Ватан ҳамеша фурӯзон бошад!


















